Дар Маҷлиси намояндагон вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар мавзуи «Ҳифзи иҷтимоии маъюбон – самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки масъалаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои дастгирии ин табақаи осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд анҷом дода мешаванд.
«Бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа маъюбони мамлакат низ зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии маъюбон таҳия ва қабул шудани якчанд қонунҳои миллӣ, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ, марҳила ба марҳила муқаррар гардидани имтиёзҳо ба маъюбон, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба ин табақаи ҷомеа аз таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад»,-баён намуд муовини Раиси Маҷлиси намояндагон .
Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид буда, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф менамояд. Ҳамзамон доир ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюб тадбирҳои мушаххас меандешад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






