Дар Муъминобод бо иштироки оилаҳои намунавӣ озмуни «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он 7 оилаи намунавӣ аз ҷамоат ва шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон хабар доданд.
Оила арзиши муқаддас буда, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳим мебозад. Оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад. Зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта, рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад. Дар ҳар давру замон оила барои ояндаи насли наврас хишти аввали бунёди қасри маънавиёт ба ҳисоб меравад.
Мақсади баргузории озмун гиромидошти арзишҳои оиладорӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги оиладорӣ, таҳкими оила, бунёд ва мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ дар заминаи меҳру муҳаббату эҳтироми якдигар ва баланд бардоштани масъулияти оила дар тарғиби фарҳанги оиладорӣ мебошад.
Баргузории чунин барномаҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва иқдому озмунҳои маърифатӣ ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону духтарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имконияти равонию ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳукуқии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон, арҷ гузоштан ба расму ойинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон мусоидат менамояд.
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» бо туҳфа ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






