Дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» 80 фоизи сохтмон ба анҷом расидааст
ДУШАНБЕ, 06.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло 80 фоизи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор», воқеъ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба анҷом расонида шудаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шуд. Масъулини Неругоҳи барқи обии «Себзор» итттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот босуръат идома дошта, тамоми имконоти мавҷуда барои дар муҳлати муқарраршуда- соли 2025 пурра ба истифода додани неругоҳ равона гардидаанд.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки бо назардошти аҳамияти стратегӣ ва иҷтимоии ин неругоҳ ҷараёни сохтмонро таҳти назорати доимӣ қарор дода, сифат ва муҳлати иҷрои корҳои техникиро ба таври қатъӣ риоя намоянд.
Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 мегаватт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш иқтидори умумии энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 дарсад зиёд мешавад.
Ин иншоот на танҳо ба таъмини устувори неруи барқ барои аҳолии маҳаллӣ мусоидат менамояд, балки имконоти рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаро ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






