Дар Норак фестивал ва Форуми «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон ва иштироки ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ дар шаҳри Норак фестивал ва Форуми «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид, ки дар он ҳамзамон маҳсулоти молиявӣ ба намоиш гузошта шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».
Фестивал ва Форуми «Саводнокии молиявӣ» дар асоси «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ, огоҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар бораи маҳсулот ва хизматрасонии гуногуни бонкӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида шуд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ин фестивал фаъолона иштирок карда, маҳсулоти бонкӣ ва хизматрасониҳои «Амонатбонк»-ро ба муштариён пешниҳод намуд.
Ба иштирокдорон оид ба маҳсулоти бонкӣ, бахусус воситаҳои пардохти ғайринақдӣ, аз қабили барномаи мобилии «Амонат-мобайл», кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ ва ғайра маълумот пешниҳод гардид.
АКС: «Амонатбонк»








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст






