Дар шаҳри Масқат дар мавзуи тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Уммон ҳамоиш доир гардид

Май 2, 2025 10:31

ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 май дар ҳамкории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Уммон дар шаҳри Масқат дар мавзуи тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Уммон ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт хабар доданд, дар ҳамоиш зиёда аз 30 намояндаи вазорату идораҳои дахлдори Уммон аз соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорату иқтисод, молия ва андоз, бонкдорӣ, кишоварзӣ ва саноат, энергетика, нақлиёт ва авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, илму маориф, ҳандаса ва меъморӣ иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Ҳамоишро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Уммон Зубайдулло Зубайдзода ва сардори Раёсати кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Уммон Шайх Аҳмад бин Ҳошил ал-Маскарӣ роҳбарӣ намуданд.

Яке аз мавзуъҳои калидии суҳбат тақвияти пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо дониста шуд, ки он барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ заминаи қонунӣ фароҳам меорад.

Зубайдулло Зубайдзода иброз намуд, ки таҳкиму тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои арабии Халиҷ, аз ҷумла Салтанати Уммон яке аз авлавияти сиёсати хориҷии пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Уммон ҳамчунин ба тавсеаи равобити гуногунҷанбаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Халиҷ, ки ду минтақаи дорои захираҳои бузурги табиӣ, иқтисодӣ ва инсонӣ мебошанд, таъсири назаррас мегузорад.

Ҳамзамон навори кӯтоҳ дар бораи самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтидору имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Дар фарҷом ҳамчун натиҷаи ҳамоиш лоиҳаи «Барномаи иҷроияи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои солҳои 2026-2027» баррасӣ гардид.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт

 

 

Май 2, 2025 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид