Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум оғоз шуд

Май 29, 2025 13:45

ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи маълумоти фаврӣ, то 23 май дар 435 840 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шуд, ки аз ин 39 426 гектар гандум  мебошад.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, гандум яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро тоҷикон бештар маҳсулоти нонӣ истеъмол мекунанд. Аз ин рӯ гандум маҳсулоте аст, ки онро метавон бештар захира намуд.

Дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб, равған, намакҳои минералӣ, витамину ферментҳо ва ғайраҳо мавҷуд ҳастанд.

Ба тавсияи мутахассисон, зиёд гардидани ҳосили гандум аз  кишти саривақтӣ ва истифодаи технологияи парвариши он вобаста мебошад. Барои рӯёнидани ҳосили баланди ғалладонагӣ истифода ва риоя кардани қоидаҳои кишоварзӣ (агротехникӣ) аҳамияти калон дорад.

Дони гандум серғизо ва серкаллория буда, захираи он то ду сол нигоҳ дошта мешавад. Дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб, равған, намакҳои минералӣ, витамину ферментҳо ва ғайраҳо мавҷуд мебошанд.

Муҳлати кишти гандуми тирамоҳӣ дар вилояти Суғд аз 20 сентябр то 20 октябр аст. Дар водии Вахш кишти тирамоҳии гандум нимаи август то ноябр фаро мерасад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва вилояти Хатлон (Кӯлоб ва Данғара) гандуми тирамоҳӣ аз 20 октябр то 10 ноябр кишт карда мешавад. Меъёри кишти тухмиро вобаста ба шароити иқлим, хок, хусусияти навъҳои гандум ва захираи намӣ муқаррар менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2025 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст