Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон оғоз меёбанд
ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 20 май, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамчунин соати 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи «Мероси миллӣ: дурдонаҳои ҷовидонаи санъати Озарбойҷон» манзури тамошобинон гардонида мешавад.
21 май ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанг дар шаҳри Норак бо «Боғи анор» ва Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешавад. Инчунин дар Кохи фарҳанги ноҳияи Данғара барномаи консертии ансамбли созҳои миллии Озарбойҷон пешниҳод карда мешавад.
Дар ин рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи осори адабиёти Озарбойҷон ифтитоҳ мегардад. Инчунин дар назар аст, ки байни Китобхонаи миллии Озарбойҷон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шавад.
Инчунин дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Шоми мусиқии этноҷаз доир мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






