Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» иқдоми ҳизбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар доираи ҳамоиш беш аз 500 нусха маводи тарғиботию ташвиқотӣ, ки дар он аз қаҳрамониҳои ҷанговарони далеру шуҷои тоҷик дар солҳои мудҳиши ҷанг маълумот дода шудааст, ба шаҳрвандон дастрас карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории чунин иқдом арҷгузорӣ ба корнамоиҳои ҷанговарони ҷонфидо, фарзандони содиқи Ватан ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар байни насли наврасу ҷавон мебошад. Дар ҷараёни иқдом кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо аҳли ҷомеа, бахусус собиқадорони ҷангу меҳнат суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар назди пайкараи ёдгории шаҳидони ҷанг маросими гулчанбаргузорӣ ва ҳамоиши тантанавӣ доир шуд.
Иброз гардид, ки Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ на танҳо пирӯзии низомӣ, балки намунаи ҷонфидоию иттиҳоди халқҳо барои адолат ва озодӣ буд.
АКС: Кумитаи иҷрои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон дар вилояти Хатлон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






