Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид

Май 9, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 09.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» иқдоми  ҳизбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар доираи ҳамоиш беш аз 500 нусха маводи тарғиботию ташвиқотӣ, ки дар он аз қаҳрамониҳои ҷанговарони далеру шуҷои тоҷик дар солҳои мудҳиши ҷанг маълумот дода шудааст, ба  шаҳрвандон дастрас карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории чунин иқдом арҷгузорӣ ба корнамоиҳои ҷанговарони ҷонфидо, фарзандони содиқи Ватан ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар байни насли наврасу ҷавон мебошад. Дар ҷараёни иқдом кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо аҳли ҷомеа, бахусус собиқадорони ҷангу меҳнат суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз дар назди  пайкараи ёдгории шаҳидони ҷанг маросими гулчанбаргузорӣ ва ҳамоиши тантанавӣ доир шуд.

Иброз гардид, ки Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ на танҳо пирӯзии низомӣ, балки намунаи ҷонфидоию иттиҳоди халқҳо барои адолат ва озодӣ буд.

 АКС: Кумитаи иҷрои Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикстон дар вилояти Хатлон

Май 9, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд