Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» оғоз меёбад

Май 2, 2025 16:21

ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» ифтитоҳ мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар  маросими ифтитоҳ операи «Рӯдакӣ»-и Шарофиддин Сайфиддинов пешниҳод мегардад. Ин намоиш аввалин бор соли 1976 рӯйи саҳна омада, аз ҷониби тамошобинон хуб қабул гардид. Намоиш аз тарафи мунаққидон сазовори баҳои баланд гардида, то имрӯз дар саҳнаи театр гузошта мешавад.

Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди санъати театрӣ доир мешавад.

Дар фестивал ҳайатҳои театрии давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Эрон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Ҳунармандон намоишҳоро дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури ҳаводорон  мегардонанд.

Дар назар аст, ки 3 май, соати 11:00 намоиши «Одоби шикори рӯбоҳ»-и Театри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ва соати 17:30 намоиши «Никоҳи пинҳон»-и Театри давлатии академии мусиқии бачагонаи Москва ба номи Наталя Сатс дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шаванд.

Маросими анҷоми  фестивали байналмилалӣ 6 май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 2, 2025 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд