Менеҷери лоиҳаҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ бо фаъолияти Маркази саратоншиносӣ дар Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд шинос шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Менеҷери лоиҳаҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар Тоҷикистон, мудири шуъбаи ҳамкории техникии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар назди ин Агентӣ Сандра Стейскал Мари бо ду коршиноси байналмилалӣ дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази саратоншиносии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд шинос шуда, зимни мулоқот бо масъулин доир ба фаъолияти ин марказҳо ва роҳҳои муассири пешгирию табобати бемориҳои саратон суҳбат намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Давоми моҳҳои феврал-марти соли 2025 ба ин марказҳо дастгоҳҳои муосири ташхиси рентгении рақамӣ супорида шуданд. Ин таҷҳизоти муосири тиббӣ бо мусоидати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсози миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Тоҷикистон аст, дастрас гардид. Табибон бо истифода аз ин дастгоҳҳо имкон доранд, ки сари вақт дар самти бемориҳои саратон ташхис гузаронида, бемориро дар марҳилаи аввал муайян намуда, ба табобати беморони гирифтори саратон шуруъ намоянд. Ҳамзамон ин раванд дар татбиқи барномаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемориҳои саратон саҳми назаррас мегузорад.



Пас аз шиносоӣ бо марказҳои саратоншиносӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд намояндаи Агентии байналмилалии неруи атомӣ Сандра Стейскал Мари бо муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масъалаи барномаҳои миллӣ ва стратегӣ бар зидди бемориҳои саратоншиносӣ ва ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тандурустӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






