Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 06.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14-15 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар медиҳад.
Мавзуи асосии форум «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкории башардӯстона» мебошад.
Ҳамчунин дар мавзуъҳои «Саҳми мардумони Иттиҳод дар Ғалабаи бузург», «Анъанаҳо ва навовариҳо дар фарҳанги кишварҳои Иттиҳод», «Тамоюлҳои муосир дар илму маориф» ва «Имконоти воситаҳои ахбори омма дар рушди фазои башардӯстонаи Иттиҳод» мубоҳисаҳои гурӯҳӣ баргузор мешаванд.
Дар ҳошияи форум вохӯриҳои роҳбарони академияҳои илмҳои миллӣ, ҷаласаи муштараки Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона ва Шурои ҳамкории башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешаванд. Интизор меравад, ки дар ҳошияи форум ҷоизаҳои «Ситораҳои Иттиҳод» ва «Иттиҳоди дебютҳо» супорида шаванд.
АКС: Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






