Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳолати заминҳои кишоварзӣ ва вазъи обрасонӣ шинос шуд

Май 13, 2025 10:33

ДУШАНБЕ, 13.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 май гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳолати заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла сабзиши ниҳоли пахта ва вазъи таъминот бо оби полезӣ шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Гурӯҳи корӣ нахуст ба заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои деҳоти Мастчоҳ ва Оббурдон рафта, бо ҳолати сабзиши пахта, сатҳи иҷрои коркарди байни қаторҳо ва таъмин бо оби полезӣ шинос шуд. Зимни суҳбат бо роҳбарон ва мутахассисони хоҷагиҳои пахтакор оид ба тақсими одилонаи об, таъмини техникӣ ва истифодаи технологияҳои муосири обёрӣ тавсияҳо дода  шуд.

Сулаймон Зиёзода ба зарурати татбиқи саривақтии тадбирҳои агротехникӣ ва иҷрои ҳатмии тавсияҳои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ишора намуда, таъкид намуд, ки оби полезӣ зери назорати қатъии сохторҳои марбута бояд тақсим карда шавад.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо ҳолати қубури обгузари марбут ба пойгоҳи обкашии Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Фирдавсӣ» шинос шуд. Тавассути ин пойгоҳ зиёда аз 3 ҳазор гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Оббурдон ва Палдорак бо об таъмин карда мешаванд. Дар натиҷаи фарсудашавӣ ва кафидани қубури асосӣ таъмини об ба хоҷагиҳо ба мушкилӣ рӯбарӯ шудааст. Мақомоти дахлдор дастур гирифтанд, ки  корҳои барқарорсозӣ ва васлу насби таҷҳизоти зарурӣ бо ҷалби мутахассисон ва дар муҳлати кӯтоҳтарин пурра анҷом дода шаванд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва таъмини саривақтии ниёзҳои бахши кишоварзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар шароити тағйирёбии иқлим, коҳиши манобеи об ва афзоиши талаботи соҳаи кишоварзӣ танзими босамари захираҳои об ба масъалаи стратегии давлатӣ табдил ёфтааст.

Танҳо тавассути ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои марбута, истифодаи технологияҳои каммасрафи обёрӣ ва татбиқи таҷрибаҳои муосири идоракунии оби полезӣ метавон ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ноил гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Май 13, 2025 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд