НАХУСТИН МАРОТИБА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар Тоҷикистон Сурдоолимпиадаи фаннӣ оғоз гардид

Май 2, 2025 16:14

ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» даври ҷумҳуриявии нахустин Сурдоолимпиадаи фаннӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории Сурдоолимпиадаи фаннӣ, пеш аз ҳама, муҳайё намудани шароити мусоид барои дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдод аз байни хонандагони дорои имконияти маҳдуд, таъмини баробарӣ, дастрасии имконият ва таҳкими донишҳои фаннии хонандагони маъюб мебошад. Ташкили чунин олимпиада на танҳо қадами муҳим дар роҳи рушди фарогири соҳаи маориф, балки эҳтиром ба арзишҳои инсондӯстӣ, баробарҳуқуқӣ ва фароҳам овардани имконоти нав барои хонандагон мебошад.

Сурдоолимпиадаи фаннӣ таҷрибаи нав дар соҳаи маорифи мамлакат ва дар маҷмуъ Осиёи Марказӣ буда, бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдастии шарикон баргузор карда мешавад.

Сурдоолимпиадаи фаннӣ аз ду давр – дохилимуассисавӣ ва ҷумҳуриявӣ иборат аст. Дар даври ҷумҳуриявии он 184 хонанда аз рӯйи 5 фанни таълимӣ аз 7 муассисаи давлатии таълимии навъи мактаб-интернатҳо барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд (ношунаво, лол ва шунавоияшон суст) иштирок намуда, дониш меозмоянд.

АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Май 2, 2025 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид