Назорат ва пешгирии коррупсия дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Назорат ва пешгирии коррупсия дар соҳаи энергетика тақвият меёбад. Ин матлаб дар вохӯрии кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода доир ба зарурат ва аҳамияти ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ пешбинӣ менамояд, ибрози назар намуд.
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароите, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои дорои хусусияти коррупсионӣ мусоидат менамоянд, сухан гуфт.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ва риояи қатъии меъёрҳои хизматчии давлатӣ таъкид гардид.
Дар ҳамоиш инчунин масъалаи баланд бардоштани масъулияти роҳбарон ва хадамоти кадрӣ ҳангоми қабули кадрҳо ба кор, махсусан дар самти омӯхтани собиқаи касбӣ ва набудани ҳолатҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






