Нисбат ба сокини шаҳри Душанбе барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ санади маъмурӣ тартиб дода шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сокини 53-солаи шаҳри Душанбе Нурулло Раҷабов дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур неруи барқро бе ҳисобкунак пайваст намуда, як муддат онро ба таври ғайриқонунӣ истифода бурдааст.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин далел дар натиҷаи гузаронидани санҷиш аз ҷониби нозирони минтақавии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Шоҳмансур ошкор карда шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки зарари расонида 1411 сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин нисбат ба Нурулло Раҷабов бо моддаи 382-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардид.
Ёдовар мешавем, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ворид карда шуд.
Дар асоси он барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани асбобҳои андозагирӣ, инчунин дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят чунин муқаррарот ворид шуд.
Яъне ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 нишондиҳанда (1 ҳазору 500 сомонӣ) то 30 нишондиҳанда (2 ҳазору 250 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз 30 нишондиҳанда (2 ҳазору 250 сомонӣ) то 50 нишондиҳанда (3 ҳазору 750 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 200 нишондиҳанда (15 ҳазор сомонӣ ) то 300 нишондиҳанда(22 ҳазору 500 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Дар ин замина дар асоси тағйиру иловаҳои нав дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад






