ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-РОҲНАМОИ ҶАВОНОН. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонон

Май 23, 2025 13:58

ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷомеаи имрӯза дар кору пешбурди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим ба назар мерасад. Ин қишри ҷомеа дорои афкору андешаҳои тоза буда, бо боварии комил гуфта метавонем, ки неруи ҷавонон давлатамонро ба сӯи ободӣ ва шукуфоӣ мебарад. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, «ҷавонон идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимии ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи идеяҳои нав, эҷодкору навовар ва вориси имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд».

Тавре сардори Раёсати ташкили кори судҳо,  ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии мамлакат Зуҳуриддин Асрорзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуд, омили муҳимтарине, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз тавассути он ба пиндори ҷавонон эътимод кардаанд, ҳисси баланди меҳанпарастӣ, нангу номуси ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, худогоҳӣ ва ғурури хос доштани онҳо мебошад.

«Ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар баробари дигар масъалаҳо нисбат ба ҷавонон нуктаҳои муҳим пешниҳод карда мешаванд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баён доштанд, ки «ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои давлати соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дастгирӣ менамоянд. Мо аз ҷавонони мамлакат умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем».

Барои таҳким ва беҳтар намудани ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон ва расидан ба мақсадҳои гузошта дар ин самт Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам барномаҳои кор бо ҷавононро таҳия ва амалӣ менамоянд. Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар Тоҷикистон ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад.

Бояд гуфт, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ бо шарофати сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худашон дар синни ҷавонӣ ба идоракунии давлатӣ ворид гардидаанд, нақш ва мавқеи ҷавонон дар ин давра дар идоракунӣ ба хусусияти хосу назаррас табдил дода шуд.

Имрӯзҳо тибқи маълумот ва сарчашмаҳои илмӣ бо талошу дастгириҳои Сарвари давлат Тоҷикистон аз ҷиҳати сиёсати демографӣ дар дунё ҳамчун давлати ҷавон ба ҳисоб рафта, ҳисоби миёнаи синну соли аҳолӣ ба 24 рост меояд. Ин нуқта агар аз як ҷиҳат вижагии суннатии ҷавонони моро бозгӯӣ намояд, аз ҷониби дигар, ифодакунандаи эътимоди мукаммали онҳо барои сазовор шудан ба ҳайати роҳбарикунанда мебошад. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 400 созмону ташкилоти ҷавонон, аз ҷумла беш аз 70 маркази ҷавонон, аз қабили маркази экологии ҷавонон, маркази ҳуқуқшиносони ҷавон созмону ташкилоти ҷавонон фаъолият менамоянд. Роҳбарони ҳамаи онҳо ва зерсохторҳояшон ҷавонон буда, дар идоракунии давлатӣ саҳм мегузоранд.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҷавонон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоии пурибтикор ва созанда диққати хосса дода шудааст. Ҷойи онҳо дар ҷомеа мушаххас гардида, ба тамоми сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои калидӣ ҷалб карда шудаанд.

Ҳамин тариқ, боиси фараҳмандӣ аст, ки ҷавонони саодатманди тоҷик дар замони истиқлолият аз тамоми имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла квотаи президентӣ, таҳсили ройгон дар муассисаҳои таълимии миёна, аз буҷаи давлат таҳсил дар муассисаҳои олии мамлакат ва хориҷа, моликияти хусусӣ, ҳифз ва барқарорнамоии саломатӣ, иштирок дар озмунҳои ҷойи кор, интихоб ба вакилӣ, иштироки фаъол дар идораи давлатӣ ва садҳо имконияту шароити сазовор ва арзанда бархурдор мебошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 23, 2025 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Таҷрибаи занони вилояти Суғд дар самти соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ намунаи ибрат аст
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ дониста мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон: «Парлумони Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва шарики муътамади Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ мебошад»
ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!
ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд
ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР — ЭҲТИРОМИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»
Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст