Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москва иштирок намуданд

Май 9, 2025 14:41

ДУШАНБЕ, 09.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қасри Кремл ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар ин чорабинии бошукӯҳ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 29 кишвари ҷаҳон ба Москва ташриф оварданд.

Зимни иштирок дар паради ҳарбӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз кишварҳои ҷаҳон дидору суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.

Баъд аз маросими истиқболи сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён иштирок карданд.

Дар паради бошукӯҳи ҳарбии майдони Сурхи шаҳри Москва як ротаи десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуд.

Иштироку қадамзании боматонати низомиёни шуҷои тоҷик ба поси хотири беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон ба майдонҳои набард, ки 55 нафари онҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардида буданд ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо меҳнату машаққати холисонаи худ дар ақибгоҳ дар таъмини Ғалабаи бузург дар он ҷанги пурдаҳшат саҳми намоён гузоштаанд, сурат гирифт

Пас аз анҷоми паради ҳарбӣ, дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ба гиромидоштӣ хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштанд.

Иштироки сарони давлатҳо дар тантанаи Ғалабаи бузург дар шаҳри Маскав бо аксгирии якҷояи хотиравии онҳо ба поён расид.

Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия 09.05.2025

Май 9, 2025 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд