Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

Май 28, 2025 20:50

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ “Ховар”/. Нимаи дуюми рӯзи 28 май дар ҳошияи сафари расмӣ дар Федератсияи Русия  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми гарм ва таманниёти самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федератсияи Русия  муҳтарам Владимир Путин расониданд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ карда шуд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки равобити байнипарламентии ду кишвар пайваста ба сатҳи сифатан нав роҳандозӣ мегарданд.

Тамоили мусбати ҳамкории мутақобилаи ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбӣ, ки дар натиҷаи муколамаи сиёсии мунтазам ва эътимодбахш дар сатҳи олӣ ба даст омадааст, таъкид карда шуд.

Дар ин робита, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори дигар натиҷаҳои бобарори сафари расмии ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Русия ёдовар шуда, барои дастгириву таваҷҷуҳ дар амалӣ гардидани ду лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе — бинои театри давлатии русии ба номи Маяковский ва Маркази кӯдакони болаёқати «Сириус» ба Президенти Федератсияи Русия  муҳтарам Владимир Путин изҳори сипос намуданд.

Бо зикри зарфиятҳои бузурги истифоданашуда, тавсеаи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҷиҳати тақвият додани робитаҳои минбаъдаи ду кишвар дар ҳама бахшҳои ҳамкорӣ салоҳ дониста шуд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкории фаъол дар соҳаи маориф, омӯзиши забон ва тарғиби фарҳанги русӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва равона сохтани талошҳо барои ҳалли ҷанбаҳои ҳалталаби ин соҳа аз мавзӯъҳои дигари суҳбати ҷонибҳо буд.

Вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла атрофи вазъияти ноустувор дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 28, 2025 20:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати вакилони Тоҷикистон дар Муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба рушди технологияҳои «сабз» иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Русия ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ баргузор гардиданд
Файзалӣ Идизода бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи маҷозии роҳбарони парламентҳои кишварҳо иштирок намуд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси умумиҷаҳонии парламентӣ оид ба мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароӣ иштирок намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон: «Парлумони Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва шарики муътамади Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ мебошад»
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ҚУДРАТ ВА ИЛМУ ТАҲСИЛ. Андешаҳо оид ба бузургдошти забони давлатии Тоҷикистон
Дар Душанбе доир ба асосҳои қонунгузории гузариш ба рушди «сабз» ҳамоиш баргузор гардид