Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: назари муназзам ба рушд ва авлавияти миллӣ

Декабрь 16, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

— Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бозгӯи равиши муназзам, масъулиятнок ва дурнамои давлат дар таъмини рушди устувор, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар ин санади муҳим сиёсати давлатӣ ҳамчун низоми ягонаи ҳамоҳангшудаи амният, иқтисод, иҷтимоиёт ва идоракунии самаранок муаррифӣ мегардад.

Таъмини суботи сиёсӣ, баргузории интихобот дар фазои озоду шаффоф ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ки бо роҳбарии Пешвои миллат амалӣ гардиданд, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои рушди иқтисодӣ ва тавсеаи ҳамкории минтақавӣ фароҳам оварданд. Ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати хирадмандонаи хориҷӣ ва иродаи қавии давлат дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошанд.

Натиҷаҳои иқтисодӣ собит менамоянд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок аст. Афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, болоравии нишондиҳандаҳо ба ҳар сари аҳолӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, афзоиши даромадҳои мардум ва баланд шудани давомнокии умр ифодаи онанд, ки рушди иқтисодӣ ба беҳбуди воқеии шароити зиндагии шаҳрвандон табдил ёфтааст. Қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди мамлакат барои солҳои 2026–2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии «Стратегияи миллии рушд то соли 2030» идомаи мантиқии ҳамин сиёсати ҳадафмандона мебошад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба таври равшан нақши давлат дар рақамикунонии иқтисод ва идоракунӣ таъкид гардидааст. Бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат ҷорӣ намудани низомҳои рақамӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ба таҳкими интизоми молиявӣ, коҳиши талафот ва баланд бардоштани шаффофият мусоидат намуд. Ин раванд нишон медиҳад, ки Ҳукумат рақамикунониро ҳамчун воситаи баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва эътимоди ҷомеа татбиқ менамояд.

Соҳаи энергетика таҳти роҳбарии давлат ба пояи истиқлолияти иқтисодӣ табдил меёбад. Пешрафти босуръати сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва муайян гардидани муҳлати ба кор даровардани агрегати сеюм дар соли 2027 шаҳодати иродаи қавии сиёсӣ ва масъулияти баланди Ҳукумат дар расидан ба истиқлоли энергетикӣ мебошад. Ҳамзамон таъкиди истифодаи сарфакоронаи неруи барқ масъулияти муштараки давлат ва ҷомеаро таҳти сарварии Пешвои миллат ифода мекунад.

Саноатикунонии босуръат, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва тавсеаи инфрасохтори нақлиётӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун самтҳои калидии сиёсати иқтисодӣ муаррифӣ карда шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба захираҳои дохилӣ ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои таъсиси ҷойи нави кор, рушди минтақаҳо ва тақвияти иқтидори транзитии мамлакат тадбирҳои мушаххас меандешад.

Соҳаи иҷтимоӣ ва рушди сармояи инсонӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат қарор дорад. Афзоиши маблағгузории маориф, илм, тандурустӣ, боло бурдани маош ва индексатсияи нафақаҳо далели он аст, ки давлат рушди инсонро ҳамчун омили асосии ояндаи устувори ҷумҳурӣ арзёбӣ менамояд.

Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи равшани сиёсати давлатсозии Пешвои миллат мебошад, ки бар пояи суботу амният, рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва масъулияти давлатӣ бунёд ёфтааст. Ин санад на танҳо натиҷаҳои бадастомадаро ҷамъбаст мекунад, балки самтҳои аниқи ҳаракати мамлакатро ба сӯи ояндаи устувор ва пешрафта муайян менамояд.

Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз ҚУРБОНЗОДА,
таҳлилгари масъалаҳои соҳавӣ

Декабрь 16, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲИФЗУ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛОТИИ КӮДАКОН ДАР ДУНЁИ РАҚАМӢ. Чӣ гуна амнияти иттилоотии онҳоро таъмин намоем?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Истифодаи оқилонаи он барои рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон имконоти нав фароҳам меорад
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид