РУШДИ САЙЁҲӢ. Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» беҳтарин макони солимгардонӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 09.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 200 чашмаи оби минералии шифобахш мавҷуд аст, ки 71-тои он дорои оби гарм ва 43-тоаш дорои оби хунук мебошанд. Захира ва имконияти Тоҷикистон дар самти сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар минтақа бесобиқа унвон мешавад. Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши мамлакат «Хоҷа Оби Гарм», «Явроз», «Оби Гарм», «Шоҳамбарӣ», «Гармчашма», «Ҳавотоғ», «Зумрад», «Бибӣ Фотимаи Заҳро», «Авҷ», «Ямчун» ва «Зонг» мебошанд. Онҳо барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд.
Яке аз ин мавзеъҳои сайёҳӣ, ки дорои чашмаҳои шифобахш аст, осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» мебошад. Ин мавзеъ беҳтарин макони солимгардонӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ буда, тамоми фасли сол фаъолият менамояд. Дар ин осоишгоҳ сайёҳони дохилию хориҷӣ бо сарватҳои нодири табиӣ, махсусан имконияти сайёҳӣ шинос мегарданд.
Воситаи асосии табобати курортӣ дар «Хоҷа Оби Гарм» обҳои маъданноки дармонбахш ҳастанд. Обҳои маъданноки осоишгоҳ дорои азоти креминистӣ, сулфату гидрокарбонат буда, ҳарорати гармии он аз +56 то +96 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар осоишгоҳ бароҳат барои зист ва истироҳати меҳмонон ҳуҷраҳо муҷаҳҳаз карда шудаанд. Онҳо ба категорияҳои муқаррарӣ, роҳат, истиқоматгоҳ ва VIP тақсим мешаванд.
«Хоҷа Оби Гарм» дар мавзеи хушманзараи кӯҳсор воқеъ гардидааст. Шифохонаро кӯҳҳо иҳота намудаанд, ки дар онҳо гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Сарчашмаи буғи радонҳои табиӣ омилҳои шифобахши асосӣ мебошанд.
Маҷмуи васеи муолиҷаҳои тиббӣ дар баробари омилҳои табиӣ барои барқароркунии саломатӣ мусоидат менамоянд. Дар шифохона муолиҷаҳои физиотерапевтӣ, фитотерапевтӣ ва табобати радонӣ пешкаш карда мешаванд.
Ин мавзеъро яке аз муъҷизаҳои беохири табиӣ ва сарчашмаи қувваи ҳаёт гуфтан мумкин аст. Зеро дар он инсон метавонад саломатии худро барқарор намояд.
Истироҳатгоҳ дар ҷаҳон яке аз мавзеъҳое мебошад, ки дар он ба ҷои воситаҳои табобатӣ буғи радиоактивӣ истифода карда мешавад.
Оби чашмаи «Хоҷа Оби Гарм» дар баландии 1860-1900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, ҳарорати он то ба +96 дараҷа мерасад. Қаламраве, ки аз он оби гарми маъданӣ-радиоактивӣ мебарояд, 4,5 гектарро ташкил дода, аз 20 нуқта оби чашма ҷорӣ мешавад. Аз чашмаҳои дорои обҳои ҳарораташон нисбатан баланд буғи гарм хориҷ мешавад, ки таркиби он дар қатори дигар унсурҳои кимиёвӣ элементи радон дорад. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар ин осоишгоҳ беморони дил, рагҳои хунгузар, сутунмуҳра, асаб, роҳи нафас, бемориҳои занона, гурда, узвҳои ҳозима ва дигар бемориҳо муолиҷа мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» соли 1934 таъсис ёфта, дар масофаи 50 километр дуртар аз пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе, дар дараи хушманзараи Варзоб, дар баландии қариб 2000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст.
Фаъолият намудани чунин осоишгоҳҳо ба сайёҳони дохилию хориҷӣ имкон медиҳад, ки аз табиати биҳиштосои диёр, обу ҳавои аз ҷиҳати экологӣ тоза, чашмаҳои дорои хусусияти табобатии нодир ва кӯлҳои зиёди кӯҳӣ таассуроти рангин бардоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»