РУШДИ САЙЁҲӢ. Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» беҳтарин макони солимгардонӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад

Май 9, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 09.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Тоҷикистон 200 чашмаи оби минералии шифобахш мавҷуд аст, ки 71-тои он дорои оби гарм ва 43-тоаш дорои оби хунук мебошанд. Захира ва имконияти Тоҷикистон дар самти сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар минтақа бесобиқа унвон мешавад. Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши  мамлакат «Хоҷа Оби Гарм», «Явроз», «Оби Гарм», «Шоҳамбарӣ», «Гармчашма», «Ҳавотоғ», «Зумрад», «Бибӣ Фотимаи Заҳро», «Авҷ», «Ямчун» ва «Зонг» мебошанд. Онҳо барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд.

Яке аз ин мавзеъҳои сайёҳӣ, ки дорои чашмаҳои шифобахш аст, осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» мебошад. Ин мавзеъ беҳтарин макони солимгардонӣ  барои сайёҳони дохилию хориҷӣ буда, тамоми фасли сол фаъолият менамояд. Дар ин осоишгоҳ сайёҳони дохилию хориҷӣ бо сарватҳои нодири табиӣ, махсусан имконияти сайёҳӣ  шинос мегарданд.

Воситаи асосии табобати курортӣ дар «Хоҷа Оби Гарм» обҳои маъданноки дармонбахш ҳастанд. Обҳои маъданноки осоишгоҳ дорои азоти креминистӣ, сулфату гидрокарбонат буда, ҳарорати гармии он аз +56 то +96  дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар осоишгоҳ бароҳат барои зист ва истироҳати меҳмонон ҳуҷраҳо муҷаҳҳаз карда шудаанд. Онҳо ба категорияҳои муқаррарӣ, роҳат, истиқоматгоҳ ва VIP тақсим мешаванд.

«Хоҷа Оби Гарм» дар мавзеи хушманзараи кӯҳсор воқеъ гардидааст. Шифохонаро кӯҳҳо иҳота намудаанд, ки дар онҳо гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Сарчашмаи буғи радонҳои табиӣ омилҳои шифобахши асосӣ мебошанд.

Маҷмуи васеи муолиҷаҳои тиббӣ дар баробари омилҳои табиӣ барои барқароркунии саломатӣ мусоидат менамоянд. Дар шифохона муолиҷаҳои физиотерапевтӣ, фитотерапевтӣ ва табобати радонӣ пешкаш карда мешаванд.

Ин мавзеъро яке аз муъҷизаҳои беохири  табиӣ ва сарчашмаи қувваи ҳаёт  гуфтан мумкин аст. Зеро дар он  инсон метавонад саломатии худро барқарор намояд.

Истироҳатгоҳ дар ҷаҳон яке аз мавзеъҳое мебошад, ки дар он ба ҷои воситаҳои табобатӣ буғи радиоактивӣ истифода карда мешавад.

Оби чашмаи «Хоҷа Оби Гарм» дар баландии 1860-1900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, ҳарорати он то ба +96 дараҷа мерасад. Қаламраве, ки аз он оби гарми маъданӣ-радиоактивӣ мебарояд, 4,5 гектарро ташкил дода, аз 20 нуқта оби чашма ҷорӣ мешавад. Аз чашмаҳои дорои обҳои ҳарораташон нисбатан баланд буғи гарм хориҷ мешавад, ки таркиби он дар қатори дигар унсурҳои кимиёвӣ элементи радон дорад. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар ин осоишгоҳ беморони дил, рагҳои хунгузар, сутунмуҳра, асаб, роҳи нафас, бемориҳои занона, гурда, узвҳои ҳозима ва дигар бемориҳо муолиҷа мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» соли 1934 таъсис ёфта, дар масофаи 50 километр дуртар аз пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе, дар дараи хушманзараи Варзоб, дар баландии қариб 2000 метр аз сатҳи баҳр  воқеъ аст.

Фаъолият намудани чунин осоишгоҳҳо ба сайёҳони дохилию хориҷӣ имкон медиҳад, ки аз табиати биҳиштосои диёр,  обу ҳавои аз ҷиҳати экологӣ тоза, чашмаҳои дорои  хусусияти табобатии нодир ва кӯлҳои зиёди кӯҳӣ таассуроти рангин бардоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 9, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ тақрибан ба дарозии 828 метр коҳиш ёфтааст
Мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Данғараро беш аз 18 ҳазор сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намудаанд
«ГУЗАРГОҲИ САЙЁҲОН». Таъсиси мағозаи армуғонҳо дар Левакант барои муаррифии ҳунари тоҷикон иқдоми саривақтӣ аст
Падару модарон уҳдадоранд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак иҷро намоянд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Ба ин муносибат дар Осорхонаи миллӣ 30 барномаи гуногуни фарҳангӣ пешниҳод мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид аст
Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои бузурги об ва пирях дар масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо нақши муҳим дорад
Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» Саидвалӣ Тоиров: «Шиори мо дар зиндагӣ намунаи ибрат будан аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Волидайн ва масъулин барои бофароғат ва самаранок гузаронидани он чӣ гуна омодагӣ мебинанд?
Нақши осорхонаҳои таърихӣ дар тарбияи ватандӯстии насли наврас чӣ гуна аст?
15 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚЛИМ. Ҳифзи иқлими сайёра ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳоро тақозо менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Бунёди ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз яке аз масъалаҳои муҳими оила аст