Сафири Тоҷикистон бо Вазири авиатсияи граждании Миср мулоқот намуд

Май 9, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 09.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода бо Вазири авиатсияи граждании Миср Сомеҳ Ҳефнӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо фаъолгардонии парвози мустақими ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Мисрро рӯзҳои наздик нишонаи тамоюли ду мамлакат ба густариши робитаҳо дониста, масоили марбут ба рушди соҳаи авиатсия ва сайёҳиро байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 11 май ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамкорӣ бо ширкати «АНТАРЕС» (FLY.TJ) ба шаҳри Шармушшайхи Ҷумҳурии Мисри Араб парвозҳои мустақимро оғоз менамояд.

Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе аз тариқи ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Шармушшайх 5 соату 30 дақиқа ва дар бозгашт 5 соатро ташкил медиҳад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 9, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд