Шаҳри Душанбе гаҳвораи зуҳури дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об дониста мешавад

Май 27, 2025 17:30

 ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/Тавре қаблан иттилоъ додем,  аз 29 то 31  май  дар шаҳри Душанбе  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мегардад. Конфронс   таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба яке аз масъалаҳои муҳимми вобаста ба захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлими сайёра ҷалб менамояд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе,  номзади илмҳои иқтисодӣ  Абдураҳим ШОҲИЁН андешаҳояшро дар бораи аҳамияти ин чорабинии сатҳи баланд ба АМИТ АМИТ «Ховар» чунин баён намуд:

— Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об таконбахши болоравии нуфузу ҷойгоҳи давлати мо дар ақсои олам ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат дар доираи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об силсилаиқдомеро амалӣ намуданд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда,  созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба он бетаъхир ҳамовозӣ намуданд.  Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки пойтахти мамлакати азизи мо- шаҳри Душанбе гаҳвораи зуҳури дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об маҳсуб мешавад.

 Ҳадаф аз  ибтикорот ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Зеро яке аз афзалияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини нақши созандаи мамлакат дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ба манфиатҳои миллӣ ва эҳтиёҷоти ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор мебошад.

Тағйирёбии иқлим, мушкилоти марбут ба муҳити зист, норасоии оби тоза, истифодаи дарёҳои хурду бузурги сарҳадгузар аз масоиле мебошанд, ки дар шароити кунунӣ ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ таъсири бештар доранд. Дар ин раванд нақши дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки  дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад, тамоюли афзоиш касб намудааст. Консепсия принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо назардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати ҷумҳурӣ муайян шудаанд, танзим менамояд. Зарурати таҳия ва қабули ин консепсия мушаххас намудани ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат ва ташаккули симои нави геополитикӣ дар ҷаҳону минтақа дар даҳаи дуюми асри XXI ба ҳисоб меравад.

Дар банди 3.4 — и «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки «Дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об» ном дорад, аз ҷумла, гуфта шудааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии густурдаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об ҳадафи бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайгирӣ мекунад».

Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои ҳассос ба шумор меравад. Хосса, дар шароите ки бинобар афзоиши аҳолӣ, тавсеаи масоҳати заминҳои кишоварзӣ, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳити зист, масъалаи норасоии оби тоза, баҳрабардорӣ аз рӯдҳои хурду бузурги фаромарзӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба об ба омилҳои таъсиргузор ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, дар доираи ин масъалаи  об истифода ва тақсимоти он моҳияти рӯзафзун касб намудааст.

Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005 — 2015», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» муқаррар намудани 21 март идомаи мантиқии сиёсати «дарҳои кушода» буда, аз «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маншаъ гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар ҳалли мушкилот вобаста ба об дар сайёра ҳамгироию ҳамбастагӣ, ваҳдату ягонагӣ, истифодаи оқилонаю сариштакоронаи сарвати табиӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор (17 ҳадафи калидӣ барои давраи то соли 2030) ва дар ин замина таъмини зиндагии осиштаю шоиста барои тамоми сокинони сайёраро миёни халқҳо талқин менамоянд. Ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, мафҳуми обро аз фаҳмиши кӯҳнаи классикӣ берун бароварда, ҳамчун омили аслии ҳастии инсон, инчунин омили татбиқи «рушди устувор» ва расидан ба зиндагии арзанда ва пешгирӣ аз хавфу хатарҳои техногенӣ ва табиӣ муаррифӣ намуда, дар татбиқи рушди устувор дар доираи Рӯзномаи нави Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид — Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола нақши калидӣ доранд.

Яке аз омилҳои муҳим дар самти пешгирии таъсири аз ҳад зиёди инсон ба табиат- ин риояи меъёрҳои партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера (Созишномаи Париж оид ба иқлим) аз ҷониби давлатҳо, истифодаи неруи барқи алтернативӣ дар саноату иқтисодиёти давлатҳо ва дар маҷмуъ гузаштан ба иқтисодиёти «сабз» маҳсуб мешавад.

Новобаста аз он ки саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ночиз аст, Ҳукумати мамлакат соли 2022 «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037»-ро, ки панҷ марҳиларо дар бар мегирад, қабул намуд.

Дар марҳилаи якум ва дуюми Стратегия (солҳои 2023-2028) масъалаҳои оммавигардонии маълумот дар бораи иқтисоди «сабз», баланд бардоштани тафаккур ва фарҳанги экологиии аҳолӣ, таҳкими санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ намудани стандартҳои иқтисоди «сабз» дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ пешбинӣ гардидаанд.

Солҳои 2029-2034 марҳилаи сеюм ва чоруми стратегияро дар бар гирифта, масъалаҳои ҷорӣ намудани иқтисоди «сабз» дар хоҷагии халқи мамлакат (саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, сохтмон, хадамоти шаҳрдорӣ, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайра) ва кам кардани газҳои гулхонаӣ пешбинӣ шудааст. Маблағи умумии татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» 21 миллиарду 586,3 миллион сомониро ташкил намуда, маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ, созмонҳои молиявӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ амалӣ гардида, марҳилаи ниҳоии он (солҳои 2035-2037) истифодаи босуботи сармояи табиӣ, тадбирҳо барои рушди иқтисоди «сабз» ва зиёд намудани сармоягузорӣ дар асоси принсипи иқтисоди «сабз»-ро дар бар мегирад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 27, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуд
Оид ба омӯзиши ҳолати муосири криосфераи Тоҷикистон ва нақши он дар минтақа конфронси байналмилалӣ доир гардид
«САДРИДДИН АЙНӢ ВА ИНҚИЛОБИ МАДАНӢ». Ин таҳлил даъват ба ҳушёрӣ ва талош барои ҳифзи дастовардҳои маънавӣ аст
Арнолд Крейлхубер дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок менамояд
Дар Душанбе Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад
ВАСФИ ВАТАН ВА ХИРАД ДАР «ШОҲНОМА». Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Саид ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2025 соли гармтарин дар дунё буда, таъминоти аҳолии ҷаҳон бо озуқаворӣ мушкил мегардад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Китобхонаи миллӣ толорҳо барои гузаронидани чорабиниҳои канорӣ пурра омода карда шудаанд
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо роҳбаладон бо 8 забон тавзеҳ медиҳанд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Пиряхҳо сайёраро бо оби тоза таъмин менамоянд