Шаҳри Душанбе то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ мегузарад

ДУШАНБЕ, 16.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақша дорад, ки то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ гузарад. Бо ин мақсад 15 май дар доираи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастри» 30 электробуси замонавӣ бо тамғаи «Акиа неру» мавриди истифода қарор дода шуд.
Электробусҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардида, 32 ҷойи нишаст доранд ва ғунҷоиши умумӣ дар онҳо 100 мусофирро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисмҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 сол мебошад.
Барои ҳар рӯз бо барқ таъмин намудани воситаҳои нақлиёт дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»-и пойтахт нуқтаи барқтаъминкунии замонавӣ бунёд карда шудааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастрӣ» ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия фаъолияти худро моҳи январи соли 2018 оғоз намуда, воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбари замонавии тамғаи «Акиа»-ро банду баст ва истеҳсол карда, дар саноатикунонии босуръати мамлакат саҳм мегузорад.
То имрӯз корхона зиёда аз 500 автобус, электробус ва электротроллейбусҳои гуногуншакл ва гуногунҳаҷм истеҳсол намудааст, ки дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба мусофирон хизмат мерасонанд. Автобусҳои истеҳсолшудаи муҳаррики дарунсӯз дорои муҳаррики ширкатҳои номии олмонии «Мерседес Бенс» ва «Захнрад Фабрик» мебошанд.
Аз оғози фаъолият то имрӯз дар ширкати муштарак автобусҳои дарозиашон 8 ва 12 метр, автобусҳои дуошёна, инчунин электробус ва электротроллейбусҳои замонавӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ мавриди банду баст ва истеҳсол қарор дода шудаанд.
Истеҳсоли силсилавии автобус бо дарозии 8 метр бо номгузории миллии «Акиа-Ориё» ва электробус бо номгузории «Акиа-Неру» бори аввал дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст.
Бо мақсади ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе, беҳтар намудани вазъи экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаии муҳаррики дарунсӯз, сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе ширкат бори аввал дар Тоҷикистон электробусҳоро истеҳсол намуд. Дар марҳилаи аввал 30 адад электробус истеҳсол гардид.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки фаъолияти воситаҳои нақлиёти барқӣ, бахусус электробусҳо нисбат ба хароҷоти автобуси дизелӣ бартарӣ дошта, барои хизматрасонии онҳо ба ҳисоби миёна аз 9 то 10 маротиба кам маблағ харҷ шудааст.
Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон тавлид менамояд. Дар робита ба ин истифодаи электромобилҳо дар мамлакат аз ҳар ҷиҳат ба мақсад мувофиқ ва самаранок дониста мешавад. Ба андешаи мутахассисон, истифодаи электромобилҳо на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар аст, балки аз ҷиҳати экологӣ низ тоза буда, вобастагии ҷумҳуриро аз бархе молҳои воридотӣ коҳиш медиҳад.
Ба иттилои масъулин, солҳои охир таваҷҷуҳи бисёр давлатҳо ба истеҳсолу истифодаи электробусу электромобилҳо зиёд шуда, мамлакатҳои дорои захираҳои бойи нефту газ ба ин навъи нақлиёт мароқ зоҳир менамоянд.
Дар баробари камшавии захираҳои нафт ва болоравии арзиши сӯзишворӣ таваҷҷуҳ ба воситаҳои нақлиёти барқӣ ба маротиб зиёд шудааст.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидори алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки бо амалисозии тадбирҳои пешбинишуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
«Яъне, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба давлати «сабз» табдил меёбад», -иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.
Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат барои тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави мамлакат чораҷӯӣ менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»