Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд

Октябрь 24, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» дар назди Раиси шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Клуби «Волонтёрони экологӣ» бо мақсади рушди фаъолияти волонтёрӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, иштирок, ҷалб ва ҳавасмандсозии сокинон дар самти тозагию ободии пойтахт, муносибати оқилонаи аҳолӣ  нисбат ба табиат ва  пешгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист таъсис дода шуд.

Таъсиси ин клуб дар робита ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, барои тарбияи насли ҷавони мамлакат дар руҳияи маърифати экологӣ замина мегузорад. Он инчунин дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдоми созанда ва  ташаббускории ҷавонон таъсис ёфтааст.

Мақсади дигари таъсиси Клуби «Волонтёрони экологӣ» бештар доир намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ мебошад. Ҳамзамон тасмим гирифта шудааст, ки бо ҷалби васеи ҷавонон ва волонтёрони  Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» амалҳои созандагию бунёдкоронаи оммавӣ гузаронида шуда, атрофи биноҳо ва соҳили рӯду дарёҳо аз партовҳо тоза карда шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад