ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, сешанбе, 147-умин рӯзи соли 2025 аст

27 майи соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, истеҳсолкунандагон, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он шартнома дар бораи ҳамкории иҷтимоӣ ба имзо расид.
***
27 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки миллии Швейтсария Жан Пйер Роттро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд. Жан Пйер Ротт изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Швейтсария ба гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ дохиланд ва пайваста аз манфиатҳои ҳамдигар пуштибонӣ менамоянд.
***
27 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахметовро, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.
***
27 майи соли 2010 аввалин ҳавопаймо аз самти Душанбе ба Бориспол (Фурудгоҳи байналмилалии Бориспол, Украина) бо 15 мусофир парвоз намуд.
***
27 майи соли 2014 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт ба истиқболи 20-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
***
27 майи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Баҳрайн сафари расмӣ намуданд.
***
Соли 2015 Осоишгоҳи «Зумрад» -и шаҳри Исфара дар «Конвенсияи байналмилалӣ оид ба сифат дар соли 2015» иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи байналмилалии тиллоии «Qualitu Summit» гардид. Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Ню-Йорк-и ИМА, ки дар он намояндагони 72 ширкати ҷаҳонӣ иштирок доштанд, доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Соли 2020 дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Ҳиндустон 45 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Эйр Индия» аз Деҳлӣ ба Душанбе баргардонида шуданд.
***
27 майи соли 2022 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо дар шаҳри Тошканд сазовори 9 медал гардиданд.
***
27 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварданд. Пешвои миллат бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Бобои Алимардон» шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия ва дигар мавзуъҳои муҳими дуҷониба баррасӣ шуданд. Ба ҳамкории ду давлат дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
27 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Нигерия — Рӯзи ҳимояи кӯдакон.
***
Дар Федератсияи Русия – Рӯзи китобхонаҳо.