ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 май, сешанбе, 126-умин рӯзи соли 2025 аст

Май 6, 2025 08:00

6 майи соли 2009 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсис додани филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе фармон имзо намуданд.

***

6 майи соли 2013 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансипро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуд. Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника ва фарҳанг доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 58-уми Шурои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

6 майи оли 2014 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Президенти онвақтаи Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, бо ҷараёни сохтмону таҷҳиз ва ороиши Маркази фарҳангию фароғатии Тахти Наврӯз шинос шуданд. Сипас Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва ҳайати ҳамроҳаш бо табиати сабз ва зебои дараи Варзоб шинос шуданд.

***

6 майи соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе байни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Петрозаводи Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

6 майи соли 2021 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа мулоқот анҷом доданд.

***

6 майи соли 2023 дар Душанбе масъалаи ҳамкории илму маориф ва рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

6 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

6 май — Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ

***

Рӯзи нӯшокиҳо

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Мунаввар Шоҳгадоев— соли  1899- ходими  давлатӣ

Май 6, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш