1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 28.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 8 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи 47 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил гардидаанд.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, 1 июл довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда, қисми А-ро месупоранд, ки он дар 47 маркази имтиҳонӣ баргузор мегардад.
АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе лабораторияи нави «Электроникаи саноатӣ» кушода мешавад
Раиси шаҳри Шероз бо имконоти муосири таълимию илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра дар Тоҷикистон шумораи мактабҳо, хонандагон ва омӯзгорон афзоиш ёфт
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо зиёда аз 40 муассисаи хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ раёсати маориф ва 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид
Оид ба таҳкими истиқлоли илмӣ ва рушди он дар замони муосир ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Хатлон беш аз 900 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст
Дар Тоҷикистон сифати таҳсил баланд арзёбӣ мегардад, вале қонеъкунанда нест






