34 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 08.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 34 нафар донишҷӯёну унвонҷӯён, кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва хонандагони Литсейи техникии донишгоҳ ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» ҳамасола бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва дарёфти чеҳраҳои ихтироъкор баргузор карда мешавад.
Даври якуми Озмун аз 15 то 18 апрел аз рӯйи ҳашт номинатсия, аз ҷумла математика, физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он зиёда аз 500 нафар донишҷӯёну унвонҷӯён ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд ва 60 нафари онҳо ба даври ноҳиявии Озмун роҳхат гирифта буданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






