35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 29.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг иттилоъ доданд.
То имрӯз бештари иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Қомат афрохтани биноҳои навбунёд на танҳо симои ноҳияро зебу зиннат бахшиданд, балки сатҳи хизматрасонӣ ба мардумро беҳтар намуданд. Зеро имрӯз меҳмонхона, шифохона, бунгоҳҳои тиббӣ, китобхона, мактаб ва дигар ташкилоту идораҳои ноҳия соҳиби бинои муосири бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардиданд.
Инчунин дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва бо инфрасохтори замонавӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, дар ноҳияи Ховалинг навсозии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ҷараён дорад.
Тибқи иттилои масъулин, баъди анҷоми пурраи навсозӣ, синфхонаҳо бо тамоми лавозимоти омӯзишии муосир, аз ҷумла, тахтаҳои интерактивӣ, компютерҳо ва дигар технологияи таълимӣ муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.
Ин иқдом яке аз намунаҳои таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва фароҳамсозии шароити муносиби таълимӣ дар минтақаҳои дурдаст мебошад. Бо таҷдиди мактаб ва муҳайё намудани муҳити созгору замонавӣ, имкониятҳои таҳсил барои хонандагони мактаб васеъ гардида, сифати таълим низ боло хоҳад рафт.
Ҳамчунин, бо мақсади ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши босифат ва мутобиқ ба талаботи замон, дар назар аст, ки баъд аз анҷоми корҳои таҷдид, фаъолияти гурӯҳҳои фаннӣ ва маҳфилҳои иловагӣ низ густариш дода шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






