35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ 10 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад

Июнь 19, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёди 10 муассисаи таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ  ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки дар соли таҳсили 2025 -2026 муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Айни замон дар деҳаи Сангистони ноҳия сохтмони кӯдакистон ҷараён дорад.  Кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, дар 4 гурӯҳ кӯдаконро ба тарбия фаро мегирад.

Инчунин дар деҳаи Хайробод бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ сохтмони мактаби нав идома дошта, бинои пешинаи мактаб чун кӯдакистон истифода мешавад.

Дар маркази ноҳияи Айнӣ гулгашти ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бунёд гардида истодааст. Номгузории майдонҳо ба номи фарзандони фарзонаи миллат нишони қадршиносӣ ва пойдории номи неки онҳо мебошад.

Ҳамчунин дар ноҳяи Айнӣ маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад, ки дар он чойхона, коргоҳи истеҳсолӣ ва мактаби варзишӣ фаълият менамоянд. Ин иншоот барои беҳбудии сатҳи зиндагии сокинон ва таъмини онҳо бо ҷойи кор мусоидат мекунад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 19, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд