35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон сохтмони 17 бинои муассисаи таълимӣ идома дорад

Июнь 17, 2025 11:18

ДУШАНБЕ, 17.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, сохтмони 17 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 3044 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи умумии 61 миллиону 86 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд таъкид намуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он мунтазам беҳтар гардида истодааст.

Дар ин замина, танҳо дар давоми 20 соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маорифи вилоят зиёда аз 2 миллиард сомонӣ равона гардида, дар натиҷа заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии вилоят хеле мустаҳкам шуда, шумораи онҳо афзудааст ва фарогирии хонандагон ба таври назаррас беҳтар гардидааст.

Дар соли 2024 барои рушди соҳаи маорифи вилоят беш аз 300 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2023 28 фоиз зиёд мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 313 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият намуда, аз он 202 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 1 мактаби Президентӣ, 1 литсей ва 1 Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 42 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият менамояд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 36 ҳазору 937 нафар хонанда (аз ҷумла, 18049 нафар духтарон) ба таълим фаро гирифта шудааст.

Имрӯз дар фазои ваҳдати комили миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кӯшиш бар он доранд, ки ҷиҳати рушду равнақи ҳамаи зинаҳои соҳаи маориф ва илм, тадбирҳои судманду ба талаботи замон мувофиқро амалӣ намоянд. Зеро инкишофу тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба сатҳи илму маориф вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатӣ соҳаи илму маорифро меҳвари асосии пешрафт ва рукни муҳими иқтидори сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ намуда, имкониятҳои бузурги молиявию моддиро барои фаъолият ва натиҷаи самараноки ин ду соҳа равона месозанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 17, 2025 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд