35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони 211 иншоот ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бунёди 211 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 70 фоизи иншоот ба истифода дода шудааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ ва навсозии Беморхонаи марказии ноҳия ҷараён дорад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, беморхона бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории шахсони саховатманд сохта, ба истифода дода мешавад. Тибқи лоиҳа, бино якошёна буда, дар он 9 ҳуҷраи корӣ пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмиру навсозии роҳи мошингарди атрофи беморхона ба масофаи 200 метр дар назар дошта шудааст, ки ба таъмини ҳаракати бемаҳдуд ва саривақтии мошинҳои ёрии таъҷилӣ мусоидат хоҳад кард.
Яке аз иншооти ҷашнӣ -маркази нави савдои «Аср» мебошад, ки дар Ҷамоати деҳоти «Ифтихор»-и ноҳия бунёд шудааст. Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аброр Воҳидов сохта шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Дар маркази савдо 13 нафар занони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Дар ошёнаи якум маҳсулоти ниёзи аввалия ва ҷиҳози рӯзгор, дар ошёнаи дуюм либос ва дар ошёнаи сеюм дигар хизматрасониҳои савдо ба муштариён пешниҳод мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






