35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ бо маром идома доранд

Июнь 11, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Хокалии Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №110 оғоз гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бино аз ду ошёна ва 12 синфхонаи барҳаво иборат буда, дар як баст 480 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад.

Бинои иловагӣ бо мақсади беҳтар гардонидани шароити таълим барои хонандагон ва аз байн бурдани мушкилоти ҷойи нишаст бунёд мегардад.

Рушди соҳаи маориф аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ бо маром идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Июнь 11, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд