35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шуғнон бунёди 160 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 22.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия Шуғнон бунёд ва навсозии беш аз 160 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Шуғнон маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба як ноҳияи ободу зебо ва ҳатто ба шаҳри замонавӣ табдил дода шуд, зеро қариб тамоми ободиҳо дар ҳудуди он дар муддати 18 — 20 соли охир ба вуҷуд омаданд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ, ба аҳолии ноҳия 409 гектар ҳамчун заминҳои президентӣ ва 1267 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда дода шудааст, ки ин иқдом ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, болоравии сатҳи даромади аҳолӣ ва хеле беҳтар гардидани таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ мусоидат кардааст.
Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ дар ноҳия 70 гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, 18 гектар боғҳои нав бунёд гардидааст.
Имрӯз дар ноҳия қариб 500 субъекти соҳибкорӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба солҳои қаблӣ 2 баробар зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 17 августи соли 2023 дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон майдони Парчами давлатӣ бо арзиши 1,2 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Майдони Парчами давлатӣ бо дарназардошти ташкили макони фароғату истироҳат ва сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд шуда, аз ҳар ду ҷониб бо чароғҳои равшанидиҳанда зебу зиннат дода шудааст, ки ба маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон ҳусни тоза зам менамояд.
Сутунпояи Парчами давлатӣ бо баландии 35 метр бунёд гардида, паҳноии матои Парчам 4 ва дарозиаш 8 метрро ташкил медиҳад
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамасола дар ноҳия 6-7 корхонаи саноатӣ бо таъсиси даҳҳо ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳия коргоҳи коркади тут бо номи «Тути Помир» фаъолият дорад, ки имрузҳо маҳсулоти он ба хориҷи мамлакат содирот мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Шуғнон вусъат ёфтаанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомотои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд






