35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Чойхонаи миллӣ барои дар як шабонарӯз қабули 5000 мизоҷ шароит фароҳам оварда мешавад
ДУШАНБЕ, 07.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт Чойхонаи миллӣ сохта ба истифода дода мешавад. Мувофиқи тарҳи бино, намои беруна, сақф ва девору толорҳои иншооти нави фарҳангиву хизматрасонӣ бо санъати баланди меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, оянда дар ин ҷо барои дар як шабонарӯз қабули 5000 мизоҷ шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи иттилои масъулин, чойхона сеошёна буда, аз толорҳои кушоду барҳавои гаҷкорӣ, кандакорӣ, айвони болокушодаи замонавӣ ва 5 толори дигари қабули меҳмонони хос иборат мебошад. Ҳоло бо ҷалби устоҳои кордону чирадасти ватанӣ корҳои гаҷкорӣ дар толори якум оғоз шудаанд ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат бояд ба анҷом расанд.
Дар дигар қисми иншоот наздик ба 300 коргар, ки аксари онҳоро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, машғули корҳои гуногуни сохтмонӣ ҳастанд.
Сохтмони Чойхонаи миллӣ соли 2024 оғоз ёфта, тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом расонда мешавад.То ин вақт 80 фоизи корҳо, аз ҷумла бунёди бинои асосӣ ва хобондани конструксияҳои оҳанӣ дар қисми болои иншоот ба итмом расидааст. Пас аз мавриди истифода қарор додани иншоот дар чойхона зиёда аз 150 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки 3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо нахуст аз толори асосии бино, ки тибқи лоиҳа, бо шаклу унсурҳои миллӣ оро меёбад, дидан намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷик








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид






