Ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасониҳои коммуналӣ ғайринақдӣ пардохт мегардад

Июнь 22, 2025 09:22

ДУШАНБЕ, 22.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар 56 корхонаи тобеи ташкилоти низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар самти партовҳои сахти маишӣ фаъолият менамоянд, барои пардохти ҳисобҳои ғайринақдӣ пурра системаи биллингӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар ин хусус Сардори шуъбаи биллингӣ ва кор бо муштариёни Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ Суҳроб Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои Суҳроб Саидов, барои гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ, аз ҷумла рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ, махсусан соҳаи коммуналӣ аз ҷониби Кумитаи хоҷагию манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

«Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 бояд аз 1 август тамоми пардохтҳои ҳаққи хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасонии коммуналӣ, таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партовҳои сатҳи маишӣ ба тариқи ғайринақдӣ қабул карда шаванд. Дар робита ба ин аз ҷониби кумита ба корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва корхонаҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супоришу дастурҳои зарурӣ дода шуд», — иброз намуд ҳамсуҳбати мо.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои тобеи ташкилоти низоми Кумита дар самти партовҳои сахти маишӣ дар вилояти Хатлон -дар шаҳри Бохтар, Леваканд, ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Восеъ, Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, дар вилояти Суғд — ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод, Меҳнатобод, Мастчоҳ, шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Панҷакент, Истаравшан, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон -дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Шуғнон, шаҳри Хоруғ, инчунин дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — ноҳияи Рӯдакӣ, Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва шаҳри Ҳисор ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

«Барои татбиқи системаи биллингӣ, ки ба воситаи он пардохтҳо гузаронида мешаванд, дар дастгоҳи марказии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ пойгоҳи серверӣ таҷҳизонида шудааст, ки ба он мутахассисону барномасозон ҷалб гардида, тамоми муштариёне, ки қаблан дар китобҳо номнавис буданд, пурра ба системаи биллингии корхона гузаронида шуданд»,-афзуд Суҳроб Саидов.

Ба иттилои ӯ, системаи биллингии корхона ба тариқи шартнома ба воситаи Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» рақамгузорӣ карда шудааст. Ҳамаи муштариёни корхона суратҳисоби худро доранд, ки онҳо метавонанд тавассути барномаи «Амонатмобайл» ба корхона даромада, корхонаҳои тобеи кумитаро пайдо ва ҳаққи хизматрасониро пардохт намоянд.

Бояд гуфт, ки ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои корупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши муҳим дорад. Дар ин самт маҳз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшид.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявӣ пардохти якчанд хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, аз ҷумла ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, тандурустӣ, алоқаи телефони шаҳрӣ, хизматрасониҳои бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалӣ, маблағҳои андоз ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ имконпазир гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ супориш доданд, ки то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасонии давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 22, 2025 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва соҳибкорон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ширкати «China Gezhouba Group» ба бунёди неругоҳҳои «Айнӣ» ва «Ёвон» дар ҳавзаи дарёи Зарафшон таваҷҷуҳ зоҳир намуд
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
25 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон ин нақлиёт дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши калидӣ дорад
«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ 57 тафоҳумнома ба маблағи беш аз 6,5 миллиард сомонӣ ба имзо расид
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
Дар «Помиринвест-2026» иқтидори истеҳсолию саноатии Бадахшон муаррифӣ гардид
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» чор ҳавопаймои Airbus A320neo дастрас менамояд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ оид ба татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа доир шуд