Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
ДУШАНБЕ, 29.06.2025 /АМИТ «Ховар»/ – 28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид намуданд, дар соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии вилоят ба як миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 2000-ум 12 баробар зиёд мебошад.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 2 баробар, картошка 3, сабзавот 5, шир 2 ва тухм 38 баробар зиёд гардидааст.
«Дар ин давра саршумори чорвои калон 1,5 баробар, чорвои майда 14 фоиз, паранда 5 баробар ва саршумори қутос 2 баробар зиёд гардидааст, — тазаккур доданд Пешвои миллат. — Майдони боғҳо аз 1350 гектар ба 3 ҳазору 140 гектар расонида шудааст, ки 2,3 баробар зиёд буда, ҳоло меваи хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи вилоят дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ харидори зиёд пайдо кардааст».
Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки Ҳукумати мамлакат масъалаи тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, бо ин мақсад дар замони истиқлол ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят 2620 гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ҷудо намудааст.
«Илова бар ин, дар бист соли охир дар вилоят 1629 гектар заминҳои нав аз худ гардида, ҳолати мелиоративии 1870 гектар замин беҳтар карда шудааст», — илова намуданд Эмомалӣ Раҳмон.
Бо дарназардошти таъсири тағйирёбии иқлим, хушксолиҳои шадид, афзоиши аҳолӣ ва вазъи пешгӯйинашавандаи бозорҳои ҷаҳонӣ солҳои охир ҷалби таваҷҷуҳи роҳбарону мутахассисон ба рушди кишоварзӣ, аз ҷумла зиёд кардани майдони кишт, бунёди боғҳо, саршумори чорво ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб кардааст.
Бинобар ин, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки барои самаранок истифода намудани тамоми захираву имкониятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат 17 майи соли 2025 дар ноҳияи Данғара супоришҳои мушаххас дода шуд.
«Зарур аст, ки роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он иҷрои саривақтии супоришҳои додашударо бо дарки масъулияти баланд таъмин намоянд», — дастур доданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва соҳибкорон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ширкати «China Gezhouba Group» ба бунёди неругоҳҳои «Айнӣ» ва «Ёвон» дар ҳавзаи дарёи Зарафшон таваҷҷуҳ зоҳир намуд
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
25 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон ин нақлиёт дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши калидӣ дорад
«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ 57 тафоҳумнома ба маблағи беш аз 6,5 миллиард сомонӣ ба имзо расид
Дар «Помиринвест-2026» иқтидори истеҳсолию саноатии Бадахшон муаррифӣ гардид
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» чор ҳавопаймои Airbus A320neo дастрас менамояд
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ оид ба татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа доир шуд
«Стратегияи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Дар шаш моҳ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 5 миллиард доллар молу маҳсулот ворид гардидааст






