Ҳадафи ташаббусҳои ҷаҳониии Президенти Тоҷикистон рафъи норасоии об дар саросари дунё ва пешгирии хатарҳои камобӣ мебошад

Июнь 2, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 02.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дарки амиқтари аҳамияти об, имрӯз офаридани филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ, намоишномаҳои театрӣ, барномаҳои мавзӯии телевизионӣ, наворҳои кӯтоҳи телевизионӣ, ташкили силсилавохӯриҳо бо намояндагони илму адаб, хусусан мутахассисону олимони соҳаи обу иқлим доир ба масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин дар муассисаҳои фарҳангӣ мунтазам ташкил кардани намоишҳои китобӣ ва чорабиниҳои илмию оммавӣ, ба мисли «Саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо», «Об – неъмати бебаҳо» ва «Об — сарчашмаи ҳаёти башар» судманд мебошанд. Чунин омадааст дар мақолаи Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Маҳмуд НАЗАРЗОДА дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳо, ки аз 29 то 31 май дар пойтахти Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар зер матни пурраи мақола манзур мегардад.

— Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ба манфиати тамоми аҳли башар равона гардида, ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдоштро дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ фаро мегиранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об ва пиряхҳо, хусусан оби тоза, дар ҷаҳон таҳти таъсири ҷиддии таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, шаҳрнишинӣ ва рушди босуръати саноат сол ба сол мураккаб мегардад.

Бо дарки аҳамияти ҷаҳонии масъала, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи тамоми мавҷудоти зинда ва неруи тавонои ваҳдатофарини мардуми ҷаҳон арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки: «Тоҷикистон бо вуҷуди доро будан ба захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳо, ба масъалаҳои вобаста ба об таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, мавзӯи захираҳои об ва истифодаи оқилонаву устувори онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати давлатии мо маҳсуб меёбад».

Бояд гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Президенти Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва ҳифзи пиряхҳо на танҳо саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуд, балки онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ кард. Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон бояд дар татбиқи ин ташаббусҳои наҷиби Пешвои худ саҳми бештар дошта бошанд. Чунки дар тафаккури мардуми мо об яке аз он чаҳор унсуре аст, ки на танҳо ҳаётро офаридааст, балки бақои инсоният аз он вобаста мебошад.

Мавзӯи об ва ҳифзи пиряхҳо дар осори адибони классикӣ ва муосири тоҷик мақоми хосса дошта, ниёгони мо дар ҳама замон об ва ҳифзи сарватҳои табииро тараннум намудаанд. Масалан, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ишора ба қудрати об чунин гуфтааст:

Об коҳеро зи ҳомун мебарад,
Об кӯҳеро, аҷаб чун мебарад?!

Дар бораи поку беолоиш нигоҳ доштани об бузургони тоҷик фармудаанд:

Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.

Иқтисодиёти ҳар як кишвар ба истифодаи оқилонаи захираҳои об сахт вобаста аст. Тоҷикистон дорои захираҳои ғании оби мусаффо ва пиряхҳо мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо метавонад ба рушди назарраси иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.

Барои миллати тоҷик — қабул гардидани ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид муждаи хуш гардид. Тибқи он, бо пешниҳоди Сарвари давлат Қатъномаи «2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, қабул карда шуд. Ин қатънома аз он ҷиҳат нодир аст, ки дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешбинӣ гардида, бо пуштибонии давлатҳои аъзои СММ пазируфта шудааст.

Истиқлолияти сиёсии мамлакат тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта, заминаи асосии рушди устувори Тоҷикистони азизамонро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина, масъалаи об ҳамчун муҳимтарин сарчашмаи ҳаёт ва омили асосии пешрафти саноат, иҷтимоиёт ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ ва некуаҳволии мардум арзёбӣ мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 2, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд