Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад

Июнь 26, 2025 11:38

ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Форуми 20-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба идоракунии интернет (IGF-2025) дар мавзуи «Эҷоди муштараки мудирияти рақамӣ», ки дар шаҳри Лиллестроми Норвегия баргузор гардида истодааст, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар форум вакили Маҷлиси намояндагон Зафар Ализода ва мушовири калони раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Исо Тавакалзода иштирок доранд.

Зафар Ализода вобаста ба мавзуи «Тақвияти устувории институтсионалӣ ба суиистифодаи иттилоот дар интернет ва мусоидат ба тағйирнопазирии иттилоот дар кишварҳои Осиёи Миёна» сухан намуд.

Иброз гардид, ки табодули муштараки ҷаҳонии дониш ва таҷриба дар чаҳорчӯби Форуми IGF 2025 ба ҳамаи иштирокчиён имкон медиҳад, ки сиёсати муассир оид ба ҳифз ва тағйирнопазирии иттилоотро таҳия намуда, қонунгузории танзимкунандаи ҳар як кишварро бо меъёр ва стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ созад.

Форуми мазкур намояндагони ҳамаи тарафҳои манфиатдорро барои мусоидат ба мубодилаи афкор оид ба сиёсатҳои рақамии давлатӣ, аз қабили технологияҳои рақамӣ ва инноватсия, зеҳни сунъӣ, киберамният ва ҳамкории байнипарламентиро дар ин самт муттаҳид мекунад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2025 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид