Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 73-юми Конфронси оморчиёни аврупоии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷаласаи 73-юми Конфронси оморчиёни аврупоии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) дар Женева иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни чорабинӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастовардҳо, ташаббусҳои мамлакат дар рушди соҳаи омори миллӣ ва нақшаҳои минбаъда сухан намуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар низоми омори миллӣ баҳогузории глобалӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ гузаронида шуд, ки натиҷаи он ва тавсеаҳои коршиносони байналмилалӣ барои таҳияи нақшаҳои стратегии рушди омори миллӣ муфид арзёбӣ мегардад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»






