Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Ваҳдати миллӣ самари ирода, хиради сиёсӣ ва муҳаббати беандозаи Пешвои миллат ба Ватан аст»

Июнь 20, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 20.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар миллат дар ҷӯёи саодат лаҳзаҳое дорад, ки тақдираш ба як сухан, як ирода ва як дил бастагӣ меёбад. Дар оғози солҳои 90-ум фазои Тоҷикистон — ин сарзамини кўҳистонии биҳиштосоро абрҳои торики ҷанг ва ноумедӣ фаро гирифта буд. Бахт ба рӯи миллати роҳгумзада хандиду умеде шуъла зад. Шуълае, ки на аз нерӯи сиёсат, балки аз синаи як фарзанди Ватан бархост, фарзанде, ки муҳаббати халқро дар дили худ дошт. Миллат, ки рӯ ба нобудӣ дошт, ба сухане бовар кард: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!». Ҳамин сухани соддаву самимӣ сабаби он шуд, ки Тоҷикистон аз вартаи ҷудоӣ ба роҳи ваҳдат қадам гузорад. Бо чунин матлаб оғоз шудааст мақолаи Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ. Матни пурраи мақола пешниҳод мегардад.

— Ваҳдат танҳо сулҳ нест, балки оғози созандагист. Пешвои миллат бо дили пур аз меҳру муҳаббат ба миллат ба эҳёи мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳо ва дигар зерсохторҳо оғоз намуданд. Гурезагон баргаштанд, фарзандон боз дар мактабҳо ба садои занги дарсхонаҳо гӯш доданд. Тоҷикистон аз нав нафаси тоза кашид.

Сиёсати ваҳдатофарини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои 1990–1997 таҳия ва амалӣ гардид, имрӯз ҳамчун намунаи беназири барқарории сулҳ ва таҳкими давлатдорӣ дар шароити муосири ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Ин раванд таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, бо истифода аз принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ, гузашт ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ татбиқ гардиданд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки зодаи хиради сиёсии Пешвои миллат ва муҳаббат ба Ватан буд, дар ҷаҳон ҳамчун модели беназири рафъи низоъҳо шинохта шуд. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, онро ҳамчун мактаби нодири сулҳомӯзӣ арзёбӣ карданд.

Наҷот ва раҳо аз бӯҳрон дар он солҳо танҳо ва танҳо ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ ва таҳкими суботи сиёсӣ вобастагӣ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад.

Бо баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ва интихоб гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ, раванди барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва таъмини субот оғоз ёфт. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин суханрониҳои худ муҳимтарин вазифаҳои миллӣ — сулҳ, ваҳдат, эҳёи иқтисод ва бозгардонидани гурезаҳоро ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ муаррифӣ намуданд ва бо ҳамин раванди музокирот ва марҳилаҳои сулҳофаринӣ (1994–1997) оғоз гардид.

Омили асосии муваффақияти ин раванд иродаи сиёсӣ ва шахсияти Пешвои миллат буд. Ба ин раванд инчунин заминаи фарҳангии халқи тоҷик, ки ба гуфтугӯ ва таҳаммулпазирӣ такя мекунад, мусоидат намуд.

Сиёсати ваҳдатофарини Пешвои миллат на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз буҳрони сиёсии дохилӣ наҷот дод, балки заминаи рушди устувори минбаъдаро гузошт. Он ҳамчун таҷрибаи нодири давлатсозӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ дар таърихи муосири ҷаҳон ҷойгоҳ пайдо кардааст. Таҳкими ваҳдат ва суботи миллӣ имрӯз низ ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ боқӣ мондааст. Дар сатҳи байналмилалӣ таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун модели муваффақи рафъи низоъ шинохта шуд.

Имрӯз, вақте ки субот дар мамлакат пойдор аст ва парчами ваҳдат бо ифтихор парафшон аст, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хуб дарк мекунад, ки ин оромӣ осон ба даст наомадааст. Ин ваҳдат самари ирода, хиради сиёсӣ ва муҳаббати беандозаи Пешвои миллат ба Ватан аст. Ва он сухани таърихӣ, ки рӯҳи як миллатро бедор кард, имрӯз низ чун чароғи роҳнамо дар фазои давлатдории миллӣ медурахшад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун мероси таърихӣ ва неъмати бебаҳо дар замири ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Он сулҳе, ки замоне танҳо як орзу буд, имрӯз ба рукни муҳими давлатдорӣ ва шиносоии миллӣ табдил ёфтааст.

Дар партави сиёсат ва хиради Пешвои миллат, Тоҷикистон ба мамлакати сулҳу субот табдил ёфтааст. Нури ваҳдат, ки аз қалби таърих фурӯзон шуд, имрӯз роҳи фардои давлатро мунаввар мекунад.

Имрӯз, вақте ки бодҳои ваҳдат парчами сулҳро дар ҳар гӯшаи Ватан мебардоранд, хотироти талхи гузашта чун огоҳии абадӣ боқӣ мемонанд. Вале миллати мо дигар ҳаргиз он миллати парешони солҳои 90 нест.

Имрӯз мо миллати ваҳдатофарем, миллате, ки аз санг роҳи нур офарид. Ва дар саргаҳи ин нур симои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи иродаи таърих ба ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид