Ҷаласаи 80-уми Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

Июнь 4, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 04.06.2025/АМИТ «Ховар»/. Намояндагони мақомоти   гумруки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар ҷаласаи 80-уми Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҷаласаи коршиносон ҷиҳати омода намудани маводҳо барои Шӯрои роҳбарон баргузор гардиданд, иштирок намуд.

АМИТ «Ховар» ба истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа масъалаҳоим муҳими марубт ба соҳаи гумрук, аз ҷумла,  ташаккули механизми бақайдгирӣ ва муайянсозии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба доир ба муайянкунии воситаҳои нақлиёти гибридӣ, тартиби анҷом додани амалиёти гумрукӣ нисбат ба дастгоҳҳои барқдиҳии автомобилҳои барқӣ, инчунин лоиҳаи Созишнома дар бораи Маркази экспертиза ва тадқиқоти мақсадҳои гумрукии мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ муҳокима шуданд.

Иштирокчиён ба масъалаи татбиқи низоми ягонаи электронии мубодилаи маълумот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оид ба таҳкими сифат ва самаранокии хидматрасонии гумрукӣ ва соддагардонии равандҳои марбут ба он андешидани тадбирҳои муштаракро муайян карданд.

Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба татбиқи технологияҳои нав, густариши ҳамкории дуҷониба ва таҳкими амнияти гумрукӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштироки фаъоли намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои минтақавӣ бозгӯи ҳамкории созандаи  мамлакат  бо давлатҳои аъзои ИДМ дар самти рушди инфрасохтори гумрукӣ ва тақвияти робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ мебошад.

Натиҷаҳои ҷаласа барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар фаъолияти гумрукӣ аҳамияти махсус доранд.

 АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 4, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд