Ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон баргузор гардид

Июнь 25, 2025 15:33

ДУШАНБЕ, 25.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Токио ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, логистика, рақамисозии иқтисод ва рушди захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар рафти ҷаласа афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба ва таваҷҷуҳи тарафайн ба кушодани хатсайрҳои мустақим байни Душанбе ва шаҳрҳои Ҷопон ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими ҳамкории амалии иқтисодӣ таъкид гардид.

Дар бахши иқтисоди рақамӣ ҷониби Тоҷикистон ба ҳадафи рақамисозии иқтисод то соли 2030 ишора намуда, муҳим будани дастгирии лоиҳаҳои марбут ба инфрасохтори рақамӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва рушди соҳибкории рақамиро таъкид намуд.

Ҷониби Ҷопон иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод арзёбӣ гардида, ба дархостҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла оид ба таъсиси маркази омӯзиши мутахассисон барои бозори меҳнати Ҷопон, дастгирии ширкатҳои муштарак ва густариши шабакаи омӯзиши забони ҷопонӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ба имзо расонида шуд, ки дар он тадбирҳои мушаххас вобаста ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок дарҷ гардидаанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2025 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд