Ҷаласаи Шурои ҷамъиятӣ-машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи сиёсати гумрукӣ ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими содирот ва воридот, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ равона карда шудааст. Ин нуктаро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятӣ-машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баён намуд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа сардорони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аҳли тиҷорат ва роҳбарони ширкатҳои брокерӣ ҳузур доштанд.
Дар идомаи ҷаласа, роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкории Кумитаи андоз бо Хадамоти гумрук: мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти якҷояи мақомотҳо» сухан намуда, масъалаи фаъолияти ширкатҳои ба истилоҳ «якрӯза»-ро ҳамчун чолиши ҷиддӣ барои низоми андоз ва шаффофияти фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки мавҷудияти чунин ширкатҳо боиси пинҳон шудани шахсони воқеии манфиатдор ва сӯиистифода дар расмиёти гумрукӣ мегардад. Дар ҷаласа ҳамчунин ба аҳамияти мубодилаи иттилоот байни мақомот дар шакли «онлайн» ва таҳкими назорати байниидоравӣ ишора гардид.
Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаи беҳсозии фаъолияти ширкатҳои брокерӣ, рафъи мушкилоти ҷойдошта ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисони соҳа баррасӣ шуд.
Шӯрои ҷамъиятӣ- машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар асоси Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳадафаш таҳкими ҳамкории мутақобила байни мақомоти гумрук ва субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ мебошад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






