Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 21.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнави Ҷумҳурии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.
Созишнома заминаи ҳуқуқиро барои густариши равобити илмӣ ва таълимии байни ду муассисаи таҳсилоти олӣ фароҳам оварда, роҳро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак боз менамояд.
Санади мазкур 20 июн дар доираи баргузории Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — қалби гарми сайёҳӣ» ва дар ҷараёни мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Мунир Сафарзода бо ректори Донишкадаи Деҳнав Ойбек Рузиев ба имзо расид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни дурнамои ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти муштаракро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, мубодилаи устодону донишҷӯён, ташкили конференсияҳои илмии муштарак, татбиқи барномаҳои таҳсилотӣ ва таҳияи лоиҳаҳои ҳамоҳангшудаи тадқиқотӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.
Дар идомаи вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, дотсент Мунир Сафарзода иброз доштанд, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамчун пайвандгари фарҳангу дониш метавонанд нақши муҳим дар таҳкими дӯстию ҳамгироии халқҳои минтақа дошта бошанд. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳамкории байналмилалӣ, бахусус бо муассисаҳои кишварҳои ҳамсоя, аз бандҳои мақсадноки стратегияи рушди донишгоҳ ба шумор меравад.
Дар асоси созишнома ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо истифода аз муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ, инчунин дар партави дастгирии роҳбарияти ҳар ду давлат, ҳамгироии илмӣ ва таълимиро ба сатҳи нав бароранд.
Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо ба таҳкими неруи кадрӣ, рушди иқтидори таҳқиқотӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона байни насли ҷавон дар фазои илмии минтақавӣ мусоидат менамоянд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






