Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Ҳисор аксияҳо гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист ду аксия бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» баргузор гардид.
Аксияи якум таҳти унвони «Тозагии соҳил – 2025» доир шуда, дар он атрофи дарёи Чангоб ва макони оббозии кӯдакон аз партовҳо тоза карда шуд. Партовҳои ҷамъоваришуда тавассути боркашонҳои Муассисаи давлатии ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба макони муайянгардида интиқол ёфтанд.
Ин иқдом бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати нигоҳдории тозагии муҳити зист роҳандозӣ гардид.
Дар аксияи дуюм таҳти унвони «Зарурати ҳифзи пиряхҳо барои ояндаи сайёраи сабз» зиёда аз 500 адад буклетҳои иттилоотӣ байни сокинони шаҳри Ҳисор паҳн карда шуданд, то аҳолиро бо зарурати ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо шинос намоянд.
Ин тадбирҳо барои ташвиқи ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳифзи табиат ва рушди маърифати экологии мардум нигаронида шудаанд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






