Ба сокинони ноҳияи Шаҳринав 272 ҷойи кор пешниҳод карда шуд
ШАҲРИНАВ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳринав ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия намоишгоҳи ҷойи кор ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Дар намоишгоҳ масъулини корхонаю ташкилоти ноҳия 272 ҷойи нави кор пешниҳод намуданд. Дар намоишгоҳ ба 30 нафар корҷӯён роҳхат ба ҷойи кор дода шуд, 22 нафар занону духтарон барои омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва бофандагӣ номнавис карда шуданд.
Чунин намоишҳо ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пурра ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон равона гардидаанд.
Дар ноҳияи Шаҳринав барои бо ҷойи кори мавсимӣ ва доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони бекор пайваста намоишгоҳҳо гузаронида мешаванд. Бо фаро расидани мавсими кишт ва ҷамъоварии ҳосил қисми зиёди шаҳрвандони бекор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд, ки маблағи якрӯзаи кор аз 80 то 100 сомониро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






