Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ омӯзгорони фаъоли пойтахт қадрдонӣ карда шуданд

Июнь 26, 2025 15:59

ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-фарҳангии кормандони маорифи пойтахт баргузор гардид, ки дар он як қатор омӯзгорон барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф  қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар рафти конференсия изҳор шуд, ки кормандони соҳаи маорифи пойтахт бояд дар рушду таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси миллӣ   сидқан саҳм гузоранд, зеро маҳз онҳо имкони дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу Ватан тарбия намудани насли наврасро доранд.

Иброз гардид, ки омӯзгорон бояд ба насли наврас аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллиро дар таъмини зиндагии орому осуда,  бо чӣ қадар мушкилӣ ба даст омадани сулҳу оромиро  фаҳмонанд ва онҳоро ба ҳифзи ин арзишҳои миллӣ талқин созанд.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои омӯзгорон як зумра муаллимони  навовару эҷодкор ва дорои натиҷаҳои назаррас бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июнь 26, 2025 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад